Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд

Хулоса ва заминаи хабар
Дар пойтахти Подшоҳии Арабистони Саудӣ — шаҳри Риёз — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид. Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ гуфт, ки истиқлол бузургтарин дастоварди таърихии мардуми Тоҷикистон аст.
ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Подшоҳии Арабистони Саудӣ — шаҳри Риёз — 35-солагии солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ иброз дошт, ки истиқлол барои мардуми Тоҷикистон бузургтарин дастоварди таърихӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ин рӯйдод роҳро ба сӯи бунёди давлати миллии муосир, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва эҳёи шукуҳу азамати ниёгон ҳамвор сохт.
