Дар мавзеи хушобу ҳавои Симиганҷи шаҳри Панҷакент ду меҳмонхонаи муосир барои беҳтар кардани хизматрасонӣ ба сайёҳон ва меҳмонон ва рушди соҳаи сайёҳӣ ба истифода дода шуд.
Душанбе, 2026-09-16 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеи хушобу ҳавои Симиганҷи шаҳри Панҷакент ду меҳмонхонаи муосир ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент. Ин меҳмонхонаҳо дар деҳаи Ғаззаи деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳон ва меҳмонон ва дар ин замина рушди соҳаи сайёҳӣ ба истифода дода шуданд. Яке аз онҳо — «Рӯзрӯд» аз ҷониби соҳибкор Деваштич Шарифбадалов дар соҳили Рӯзрӯд бо тарҳи зебо барои 20 нафар бунёд гардида, дар он тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар Симиганҷ инчунин барои сайёҳоне, ки мехоҳанд дар хаймаҳо будубош намоянд, ҷойи мувофиқ ва хаймаҳои замонавӣ муҳайё гардидааст. Дар меҳмонхонаи дигар, ки аз ҷониби мудири ширкати «Рӯзрӯд» Муродулло Латифов дар соҳили рости Рӯзрӯд бо тарҳи ҷолиб бунёд шудааст, 10 сайёҳ метавонанд истироҳат карда, аз гулмоҳие, ки дар ҳавзҳо парвариш мешавад, истифода баранд. Бо ифтитоҳи ин ду меҳмонхона шумораи онҳо дар деҳаи Ғазза ба чор адад расид; онҳо ҳамзамон беш аз 60 сайёҳ ва меҳмонро пазироӣ мекунанд. Дар иншооти сайёҳии деҳа 12 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор шуданд.
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»