Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар ноҳияи Дарвоз дар доираи форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» конфронси илмӣ-амалӣ доир ба сайёҳии устувор ва зеҳни сунъӣ баргузор гардид.
ДУШАНБЕ, 18.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Дарвоз дар доираи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» бо иштироки меҳмонони ин форум Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз хабар доданд, дар конференсия масъалаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар рушди сайёҳии устувор, рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ ва мероси фарҳангию табиӣ, истифодаи харитаҳо ва платформаҳои рақамӣ, инчунин татбиқи технологияҳои муосир, аз ҷумла GIS, Big Data, IoT, воқеияти маҷозӣ ва афзуда, дар ҳифз ва муаррифии мавзеъҳои сайёҳӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин ба рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳӣ ва фарҳангӣ, нақши ҷомеаҳои маҳаллӣ ва соҳибкорӣ дар беҳтар намудани инфрасохтори сайёҳӣ, омодасозии кадрҳои соҳавӣ ва дурнамои рушди сайёҳии устувор дар кишварҳои Роҳи Бузурги Абрешим таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Иштирокчиён роҳҳои истифодаи технологияҳои инноватсиониро барои муаррифии захираҳои сайёҳӣ, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва рушди сайёҳӣ дар минтақаҳои кӯҳистонӣ муҳокима карданд.
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия