Дар Женева чорабинӣ дар мавзӯи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: дарсҳо аз Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ» баргузор шуд


Дар ҳошияи Форуми сулҳи Женева як муҳокимаи панелии сатҳи баланд дар бораи аҳамияти Эъломияи Хуҷанд барои таҳкими сулҳ, эътимоди мутақобил ва ҳамкории минтақавӣ баргузор гардид.
13-10-2026 дар Женева, дар ҳошияи Форуми сулҳи Женева, муҳокимаи панелии сатҳи баланд таҳти унвони «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: дарсҳо аз Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ» баргузор шуд.
Чорабинӣ аз ҷониби Донишгоҳи сулҳи СММ ва Geneva Peacebuilding Platform ташкил шуда, ба баррасии аҳамияти Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ барои таҳкими сулҳ, эътимоди мутақобил ва густариши ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бахшида шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»