«Тоҷикистон — кишвари ёдгориҳои нодир». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд


20 октябри 2026 дар Осорхонаи тамаддунҳо дар шаҳри Рим намоиши байналмилалии «Тоҷикистон — кишвари ёдгориҳои нодир» ифтитоҳ шуд ва то моҳи январи 2027 идома меёбад.
20 октябри 2026 дар Осорхонаи тамаддунҳо (Museo delle Civiltà)-и шаҳри Рим таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари ёдгориҳои нодир» намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ гардид. Намоиш то моҳи январи 2027 идома меёбад.
Дар он 80 ёдгории нодири таърихию фарҳангии халқи тоҷик аз давраҳои гуногуни таърих ба намоиш гузошта шуданд. Бозёфтҳои бостоншиносӣ аз Тахти Сангин, Аҷинатеппа, Сайёд, Панҷакенти қадим, Кофирқалъа, катибаҳои суғдӣ ва дигар намунаҳои ҳунарҳои анъанавӣ пешниҳод гардиданд.
Ҳамчунин китобҳои тозанашр, ки саҳифаҳои гуногуни таърихи миллати тоҷикро аз давраҳои қадим то замони истиқлоли давлатӣ инъикос мекунанд, муаррифӣ шуданд. Ташкили чунин намоишгоҳҳо барои муаррифии мероси фарҳангии Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ шуд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»