Миёни Тоҷикистон ва Британия масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ва рақамисозӣ баррасӣ шуданд


Дар мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон бо намояндаи тиҷоратии ҳукумати Британия ва сафири ин кишвар дар Душанбе масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ, сармоягузорӣ ва рақамисозӣ баррасӣ шуданд.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода 23 сентябр дар Душанбе бо лорд Ҷон Олдердайс, намояндаи тиҷоратии Ҳукумати Британия дар Озарбойҷон ва Осиёи Марказӣ, ва Кэтрин Смиттон, Сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқот кард.
Ҷонибҳо дар бораи самтҳои афзалиятнок, рушди устувор, идоракунии молияи давлатӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди инфрасохтор, энергетика, рақамисозӣ, бозори коғазҳои қиматнок ва дигар масъалаҳои мубрам табодули назар карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»