Президенти Озарбойҷон бо Сарвазири Тоҷикистон дар Боку мулоқот намуд


Дар доираи сафари расмии Сарвазири Тоҷикистон ба Озарбойҷон, Қоҳир Расулзода дар Боку бо Илҳом Алиев мулоқот кард.
ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон имрӯз дар шаҳри Боку мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев баргузор шуд. Қоҳир Расулзода дар оғози суҳбат ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев паёми самимӣ ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонд. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуда, ба таҳкими минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳанг, сайёҳӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Ба рушди муносибатҳо дар самтҳои энергетика, нақлиёт ва логистика низ афзалият дода шуд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»