Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид. Ҳадаф аз он тарғиби либоси миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои тоҷикӣ будааст.
Душанбе, 2026-10-25 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид. Тибқи иттилои донишгоҳ, ин иқдом барои арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ ва тарғиби либосҳои миллӣ доир шуд.
Омӯзгорзанон ва донишҷӯдухтарон дар саҳни донишгоҳ бо либосҳои миллӣ ҳозир шуда, намунаҳои атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ карданд. Ташаббускорон гуфтанд, ки ҳадаф аз ин амал баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва зебоипарастӣ мебошад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»