Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар Риёз Акрам Каримӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ, бо Абдураҳмон Ар-Рассӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ оид ба умури байналмилалии бисёрҷониба ва сарпарасти масъалаҳои иқтисодӣ, мулоқот кард.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», зимни вохӯрӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуданд, аз ҷумла ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин роҳҳои таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ.
Ин хабар аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ расонида шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»