Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Душанбе, Ли Сян дар Майдони «Дӯстӣ» дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт. Дар барномаи сафар мулоқоту музокирот ва имзои санадҳои ҳамкорӣ низ пешбинӣ шудааст.
ДУШАНБЕ, 18.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 октябр, Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян дар доираи сафари расмӣ ба Майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар назди Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт. Дар маросими гулчанбаргузорӣ Ли Сянро Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. Тибқи барномаи сафари расмӣ, имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоту музокироти васеи ҳайатҳои Тоҷикистону Чин ва маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ баргузор мегардад. Ҳамчунин, ӯ дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 20 октябр дар шаҳри Душанбе доир мешавад, иштирок мекунад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»