14 сентябри 2026 дар Душанбе Юсуф Маҷидӣ ва Чжунтсин Ванг масъалаи ҷалби сармоя барои лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ ва густариши ҳамкориро муҳокима карданд.
14 сентябри 2026 дар шаҳри Душанбе вохӯрии муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ бо Директори иҷроияи Маркази ҳамкории бисёрҷониба оид ба маблағгузории рушд (MCDF) Чжунтсин Ванг баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, дар мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкории мутақобили судманд, аз ҷумла раванди ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар фарҷом мусоҳибон омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ изҳор намуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»