Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад


Дар шаҳри Душанбе машварати оғози лоиҳаи AMAL баргузор шуд. Лоиҳа тақрибан 60 ҳазор хонавода дар 15 ноҳия аз вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣро фаро мегирад.
5 октябри 2026 дар шаҳри Душанбе машварати оғози лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» (AMAL) оғоз шуд.
Тибқи иттилоъ, лоиҳа ба афзоиши даромади хонаводаҳои деҳот, беҳтар намудани ғизо ва баланд бардоштани устувории соҳаи чорводорӣ дар баробари тағйирёбии иқлим мусоидат мекунад. Он тақрибан 60 ҳазор хонаро дар 15 ноҳияи вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаро мегирад.
Таваҷҷуҳи махсус ба чорводорони хурд, истифодабарандагони чарогоҳ, занон ва ҷавонон, инчунин соҳибкорону корхонаҳои микро, хурд ва миёнаи соҳа равона мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»