Имрӯз дар Душанбе дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ҳамоиш оид ба ислоҳот дар самти дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли истиқлоли давлатӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони сохторҳои дахлдори давлатӣ, соҳибкорон ва мутахассисони соҳа иштирок намуда, масъалаҳои рушди соҳибкорӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкорон ва нақши бахши хусусӣ дар рушди иқтисоди миллӣ баррасӣ шуданд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода гуфт, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои соҳибкорон ва ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии давлат мебошад.
Иштирокчиён ҳамчунин натиҷаҳои ислоҳот, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳоро муҳокима карда, аҳаммияти ҳамкории давлат ва бахши хусусиро барои ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва рушди устувори иқтисоди кишвар таъкид карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»