Қадрдонии Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена


Дар Вена барномаи фарҳангии «Аз Робиаи Балхӣ то Ҳофизи Шерозӣ» бо ҳамкории маҷаллаи Diplomatic Society ва намояндагиҳои дипломатии кишварҳои форсизабон баргузор шуд.
14.10.2026 / Ховар гузориш дод, ки 12 October дар шаҳри Вена дар доираи ҳамкории маҷаллаи Diplomatic Society бо намояндагиҳои дипломатии кишварҳои форсизабон чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Аз Робиаи Балхӣ то Ҳофизи Шерозӣ» доир гардид.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки дар солҳои охир бо талошҳо ва ташаббусҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ ва 1050-солагии аввалин шоири тоҷикӣ-форсӣ Робиаи Балхӣ, ҳамроҳ бо чандин солгарди таърихии дигар, ба феҳрасти рӯзҳои ёдбудии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Ин ҳамчун эътирофи равшани фарҳанги ғании бостонии тоҷикон ва форсизабонон дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ шудааст.
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»