Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар Тошканд дар доираи форуми байналмилалии маорифи Осиёи Марказӣ байни ду донишгоҳ шартномаи ҳамкорӣ имзо шуд.
31.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Форуми байналмилалии маорифи Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид. Дар доираи он байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ба иттилои Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ин санад қадами муҳим дар самти таҳкими робитаҳои байнидонишгоҳии ду давлат ба ҳисоб меравад. Он барои густариши ҳамкории академӣ, табодули таҷрибаи таълимию илмӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак имконият фароҳам меорад.
Ҳамкории донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон, бахусус дар самти омӯзиш ва таълими забонҳои хориҷӣ, шарқшиносӣ, таҳқиқоти илмӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос, барои рушди минбаъдаи робитаҳои илмию фарҳангии ду давлат аҳамияти муҳим дорад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»