Бехатарии кӯдакон дар роҳҳо бо зеҳни сунъӣ таъмин мешавад; байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ имзо шуд


Дар Душанбе байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати KUKJE ST Co.,LTD-и Ҷумҳурии Корея ёддошти тафоҳум имзо гардид. Тибқи он, лоиҳаи навсозии иншооти бехатарии ҳаракат дар роҳҳои асосии Душанбе ва низоми зеҳнии «Минтақаи мактабӣ» дар асоси AI ҷорӣ мешавад.
Дар шаҳри Душанбе байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «KUKJE ST Co.,LTD»-и Ҷумҳурии Корея ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Тибқи ин санад, лоиҳаи «Навсозии иншооти бехатарии ҳаракат дар роҳҳои асосии шаҳри Душанбе» таҳия гардида, низоми зеҳнии «Минтақаи мактабӣ» дар асоси технологияи зеҳни сунъӣ (AI) барои таъмини бехатарии кӯдакон дар роҳҳои Тоҷикистон ҷорӣ карда мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»