Дар Бангкок масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ шуд


Дар мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон бо намояндагони Rothschild & Co дар Бангкок ҷалби сармоя аз бозорҳои байналмилалӣ, барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ ва механизмҳои нави маблағгузорӣ баррасӣ шуд.
Дар шаҳри Бангкок масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони ширкати байналмилалии молиявии «Rothschild & Co» баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби сармоя аз бозорҳои байналмилалӣ ва барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ ро низ муҳокима карданд. Ба беҳтар гардидани рейтингҳои байналмилалии қарзии Тоҷикистон ва аҳамияти он барои таҳкими эътимоди сармоягузорон ва васеъ намудани имкониятҳои ҷалби маблағгузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»