Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти андозии кишварҳои ИДМ иштирок кард


Ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Фирӯз Камолзода, муовини директори агентӣ, дар ҷаласаи XXV Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти андозӣ (молиявӣ)-и давлатҳои иштирокдори ИДМ дар Тошканд ширкат варзид.
Ба иттилои «Ховар» аз 2026-09-24, ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Фирӯз Камолзода, муовини директори агентӣ, рӯзи 23 сентябр дар шаҳри Тошканд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар ҷаласаи навбатии XXV Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти андозӣ (молиявӣ)-и давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд.
Дар кори ҷаласа, дар баробари намояндагони Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои иштирокдори ИДМ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия ҳузур доштанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»