Дар Душанбе Конфронси байналмилалии «IP Авруосиё/ IP Тоҷикистон –2026» доир шуд


Дар Душанбе конфронси байналмилалии «IP Авруосиё/ IP Тоҷикистон –2026» бо иштироки намояндагони идораҳои патентӣ, сафоратҳо, мутахассисон, ихтироъкорон ва истеҳсолкунандагони дохилӣ ва хориҷӣ баргузор гардид.
ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии «IP Авруосиё/ IP Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо баргузор шуд. Дар кори конфронс роҳбарон ва намояндагони идораҳои патентии давлатҳои аъзои Ташкилоти патентии Авруосиё, намояндагони сафоратҳо, мутахасисону ихтироъкорони дохилию хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои илмию таълимӣ, олимони соҳавӣ, ихтироъкорону навоварон, соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар шакли ҳузурию маҷозӣ иштирок намуданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»