Ориф: Созмони ҳамкории Шанхай бояд аз маҳкумияти таҷовуз ва таҳрим фаротар равад


Муовини аввали раисиҷумҳури Эрон дар нишасти нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе, бо маҳкум кардани таҷовузи низомии ИМА ва режими саҳюнистӣ ба Эрон, тақвияти зарфиятҳои иқтисодии ин созмонро хост.
Муҳаммадризо Ориф дар нишасти нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе гуфт, ки посухи устувор ба таҳдидҳои муштараки иқтисодӣ танҳо ба маҳкумият маҳдуд намешавад ва аъзо бояд зарфиятҳои иқтисодии худро тақвият диҳанд.
Вай ҳамчунин пешниҳодҳои Эронро барои тезондани таъсиси бонки рушди мустақил, ташкили консорсиуми энергетикӣ, густариши муомилот бо асъори миллӣ ва рушди долонҳои транзитӣ матраҳ кард.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон