Имзои ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея


16 сентябр 2026 дар шаҳри Сеул ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф байни ду вазорат ба имзо расид.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», 16 сентябр 2026 дар шаҳри Сеул дар пайи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ба имзо расид.
Дар хабар гуфта мешавад, ки санад бо назардошти муносибатҳои дӯстона, эҳтироми мутақобил, фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ, инчунин манфиатҳои муштарак барои таҳким ва тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои маориф ва таҳсилоти олӣ имзо шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»