Дар доираи ҳамоиши байналмилалии забоншиносон дар Душанбе меҳмонон бо таъриху фарҳанги тоҷикон тавассути боздид аз Осорхонаи миллӣ шинос шуданд.
ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон таҳти унвони «Забони мо — ҷаҳони мо», ки аз 15 то 17 октябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки забоншиносони кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад, меҳмонон ва иштирокчиёни анҷуман аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ, меҳмонон аввал бо фаъолияти осорхона ва нақши он дар ҳифзу муаррифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик шинос шуданд. Сипас онҳо толорҳои намоиширо тамошо карда, бо таъриху тамаддуни бостонии тоҷикон, ёдгориҳои нодири бостоншиносӣ, бозёфтҳои таърихӣ, намунаҳои санъати тасвирӣ, ороишию амалӣ ва дигар арзишҳои фарҳангии кишвар ошно гардиданд.
Иштирокдорон ба осори маҳфуз дар толорҳои осорхона таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, оид ба баъзе ёдгориҳо маълумоти муфассал гирифтанд. Ин боздид барои бештар шинос шудан бо таърихи пурғановати халқи тоҷик ва рушди фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»