Сафири нахустини Тоҷикистон дар Умон ба Султони Умон эътимоднома супорид


10 September 2026 дар Қасри Ал-Ҳусни шаҳри Салола маросими супоридани эътимодномаи Зубайдулло Зубайдзода ба Ҳайсам ибни Ториқ Оли Саид баргузор шуд.
10 September 2026 дар Қасри Ал-Ҳусни шаҳри Салолаи Салтанати Умон маросими супоридани эътимодномаи нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон муқими Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода ба Султони Умон, Аълоҳазрат Ҳайсам ибни Ториқ Оли Саид баргузор гардид.
Зимни маросим сафири Тоҷикистон дуруду паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Салтанати Умон арҷи хосса мегузорад. Ӯ ҳамчунин ҷонибдории Тоҷикистонро аз густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф баён кард.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»