Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Исҳоқ Дор, муовини Сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Покистон


Қоҳир Расулзода, Сарвазири Тоҷикистон, бо Исҳоқ Дор, муовини Сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Покистон, дар Душанбе мулоқот намуд. Дар суҳбат масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Исҳоқ Дор, муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»