Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд


31 октябри 2026, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода дар даври нуҳуми Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» дар Қоҳира иштирок кард.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», аз 25 то 29 октябри 2026 дар пойтахти Миср даври нуҳуми Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» таҳти шиори «Об ҳамчун муҳаррики сулҳ, шукуфоии муштарак ва сайёраи устувор» баргузор шуд ва дар он сафири Тоҷикистон дар Миср иштирок намуд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои идоракунии манбаъҳои муштараки об мутобиқи қонунҳои байналмилалӣ, таъмини амнияти низомҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ, баланд бардоштани устувории иқлим ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии он, истифодаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ, инчунин мудирият, сармоягузорӣ ва роҳҳалҳои техникӣ баррасӣ гардид.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»