Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ дар Душанбе баргузор шуд


Дар Душанбе ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид. Иштирокдорон масъалаҳои ҳамкории амалӣ, мубодилаи иттилоот ва мубориза бо қочоқу ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукиро баррасӣ карданд.
30.10.2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Нишаст ба 35-солагии таъсиси ИДМ бахшида шуда, таҳти раёсати муовини роҳбари Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия Олег Губайдулин доир шуд.
Дар ҷаласа роҳбарон ва кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи хадамотҳои гумруки Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок карданд. Ҳамчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Маркази зиддитеррористии ИДМ, Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои иштирокдори ИДМ ва Хадамоти ҳамоҳангсозии Шурои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун нозир ҳузур доштанд.
Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои муқовимат ба «воридоти хокистарӣ», ошкор кардани схемаи «транзити қалбакӣ», мубориза бо қочоқи маҳсулоти тамоку ва пешгирии воридоти ғайриқонунии прекурсорҳо баррасӣ шуд. Ҳамчунин натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи «Матритса» ва самтҳои ҳамкорӣ дар соҳаи тафтишоти гумрукӣ, омодасозии кадрҳо ва фаъолияти воҳидҳои кинологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»