Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар Вашингтон нишасте дар мавзӯи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА (B5+1) баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Зокӣ Зокизода, роҳбарони Палатаи тиҷорати ИМА ва намояндагони ширкатҳои амрикоӣ ширкат карданд. Аз ҷумла, ширкатҳои Boeing, Visa, Coca-Cola, KBR ва McLarty Associates дар нишаст ҳузур доштанд.
Зокӣ Зокизода имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, таъкид кард, ки кишвар дар мавқеи муҳими стратегӣ қарор дорад ва аз захираҳои табиӣ, аз ҷумла маъданҳои нодири стратегӣ ва имкониятҳои обию гидроэнергетикӣ бой аст. Қайд шуд, ки Тоҷикистон моҳи апрели 2027 мизбони Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА (B5+1) хоҳад буд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»