Дар моҳи майи 2027 дар Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор мешавад


Дар моҳи майи 2027 Душанбе мизбони конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036» хоҳад буд.
Дар моҳи майи 2027 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036» баргузор мешавад. Ба ин муносибат, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2026-10-27 тасдиқ шудааст.
Тибқи ин қарор, Кумитаи тадорукот барои омодагӣ ва баргузор намудани конфронс таъсис ёфта, нақшаи чорабиниҳо таҳия шудааст.
Конфронс дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони байналмилалӣ бо мақсади оғози расмии Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда баргузор мегардад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»