Муносибатҳои расмӣМанбаи тоҷикӣ
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Санаи нашр:
Дар Вена сафири Тоҷикистон дар Австрия Манучеҳр Ҷобир бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия Штефан Имҳоф дидору гуфтугӯ анҷом дод.
30 октябри 2026 дар шаҳри Вена мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Ҷумҳурии Австрия Штефан Имҳоф баргузор гардид.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо зимни вохӯрӣ оид ба роҳҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самтҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули афкор намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»