Муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон дар мулоқот бо сарвазири Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳамкорӣ бояд берун аз расмиятҳои дипломатӣ ва дар самтҳои тиҷорат, иқтисод, энергетика ва роҳҳои иртиботӣ густариш ёбад.
Доктор Муҳаммадризо Ориф дар мулоқот бо Қоҳир Расулзода аз меҳмоннавозии ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми он ташаккур кард ва гуфт, нигоҳе, ки Эрон ба Тоҷикистон дорад, танҳо бар асоси протоколҳои равобити хориҷӣ нест. Ӯ бо ишора ба пайвандҳои бародарона ва умумиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ миёни ду кишвар, хостори афзоиши мулоқотҳои дуҷониба ва боло бурдани сатҳи ҳамкорӣ шуд.
Ориф инчунин аз мавқеъҳо ва пуштибонии Тоҷикистон аз Эрон дар ҷараёни ҷанги Рамазон ва ҳамлаҳои ИМА ва режими саҳюнистӣ сипосгузорӣ кард ва 35-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфт. Ӯ ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхайро низ имкони муҳим барои тақвияти амният, суботи минтақа ва рушди зерсохторҳои иртиботӣ донист.
Қоҳир Расулзода дар ин мулоқот гуфт, ки равобити ду кишвар бар пояи эътимоди мутақобил ва эҳтиром устувор аст ва ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон бояд дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тандурустӣ, гардишгарӣ ва фарҳангӣ густариш ёбанд.
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон