Дар 9 моҳи соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 2671,1 километр роҳ таъмир шуд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки ин нишондиҳанда ба беҳтар шудани инфрасохтори нақлиётӣ мусоидат мекунад.
ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 2671,1 километр роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки ин нишондиҳанда заминаи муҳим барои беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётии минтақа мебошад. АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд дар ин хусус хабар медиҳад.
Аз масофаи умумии роҳҳои таъмиршуда 771,5 километр таъмири асосӣ, 1111,5 километр таъмири ҷорӣ анҷом ёфта, 788,1 километр бо шағал пӯшонида шуд.
Ҳамзамон дар ин давра ҳаҷми умумии гардиши савдо ба 18762,6 миллион сомонӣ ва ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 4977,5 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 зиёд аст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»