Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати кореягии «SK Specialty» дар коркарду истеҳсоли волфрам тақвият медиҳад


Дар мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо роҳбарони ширкати кореягии «SK Specialty» дар Сеул дурнамои иҷрои лоиҳаи занҷири ягонаи арзиши волфрам дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Дар Сеул вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо роҳбарони ширкати кореягии «SK Specialty» мулоқот кард. Дар ин гуфтугӯҳо дурнамои иҷрои лоиҳаи таъсиси занҷири ягонаи арзиши волфрам дар Тоҷикистон бар асоси модели «аз кандани маъдан то истеҳсол» баррасӣ шуд.
Тибқи ин тарҳ, таъсиси як ширкати махсуси лоиҳавӣ ва ташкили давраи пурраи истеҳсол пешбинӣ мешавад: аз истихроҷ ва истеҳсоли консентрат то истеҳсоли паравольфрамати аммоний, оксиди волфрам, хокаи волфрам ва хокаи карбиди волфрам.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»