Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии ИДМ баргузор шуд


Дар шаҳри Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар он Бахтовар Сафарзода иштирок намуд.
Дар шаҳри Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар назди мақомоти оиномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод баргузор гардид. Дар кори он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ва Намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оиномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод Бахтовар Сафарзода иштирок намуд.
Тибқи маълумоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, дар ҷараёни нишаст оид ба натиҷаҳои ҷаласаҳои Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, ки 7-9 October соли равон дар минтақаи миллии сайёҳии Авазаи Туркманистон баргузор шуданд, маълумот пешниҳод гардид. Ҳамчунин таъкид шуд, ки барои таъмини иҷрои санадҳои қабулгардида ва татбиқи тавофуқоти ҳосилшуда тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон