Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид


28 октябри 2026 дар Маркази парламентии Санкт-Петербург ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор шуд. Намояндагони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар он иштирок карданд.
28 октябри 2026 дар Маркази парламентии шаҳри Санкт-Петербургии Федератсияи Русия ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) таҳти раёсати раиси Шуро баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Аз ҷумла, Насрулло Маҳмудзода, раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, Сурайё Дӯстмуродзода, муовини раиси Кумита оид ба корҳои байналмиллалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, ва Тоҳир Набизода, муовини раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия ҳузур доштанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон