Фарҳанги ғановатманди Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мешавад

Хулоса ва заминаи хабар
7-8 октябри 2026 дар минтақаи миллии сайёҳии Авазаи Туркманистон барномаи фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва Фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои узви ИДМ баргузор мешаванд. Ҳунармандони Тоҷикистон низ бо суруду рақсҳои худ фарҳанги миллиро муаррифӣ мекунанд.
Аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 7-8 октябри 2026 дар минтақаи миллии сайёҳии Авазаи Туркманистон барномаи фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва Фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд.
Дар барномаи консертӣ ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди суруду рақсҳои ҷолиб фарҳанги миллии кишварро намоиш медиҳанд. Ҳамчунин кишварҳои узви ИДМ гӯшаҳои ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ ва хӯрокҳои миллии худро пешниҳод менамоянд.
