Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд


15-16 октябр дар Санкт-Петербург ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология баргузор шуд. Намояндагони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар он иштирок карданд.
15-16 октябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳамчунин намояндагони парлумони кишвар дар ҳамоиш оид ба масъалаи партовҳои химиявӣ ва лампаҳои симобдор сухан гуфтанд. Онҳо мавқеи Тоҷикистон, таҳкими қонунгузорӣ ва корҳои анҷомдодашударо дар кишвар шарҳ доданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»