Дар Душанбе рушди ҳамкории нақлиётӣ ва логистикӣ дар фазои СҲШ баррасӣ шуд


Дар Душанбе мизи мудаввари «Нақлиёт ва логистикаи СҲШ» баргузор гардид, ки ба рушди пайвастагии нақлиётӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, рақамисозии ҳамлу нақл ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи агрологистика бахшида шуда буд.
Дар Душанбе имрӯз мизи мудаввари «Нақлиёт ва логистикаи СҲШ» баргузор шуд. Нишаст ба масъалаҳои рушди пайвастагии нақлиётии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, рақамисозии ҳамлу нақл ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи агрологистика бахшида шуда буд.
Дар ҷараёни ҷаласаи аввал иштирокдорон масъалаҳои ҳамгироии Тоҷикистон ба низоми нақлиётӣ ва логистикии кишварҳои СҲШ-ро баррасӣ карданд. Ҳамчунин, татбиқи амалии созишнома оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва рушди робитаҳои нақлиётӣ байни давлатҳои аъзои созмон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»