Дар Сеул Форуми стратегии сармоягузории Тоҷикистон – Корея баргузор шуд

Хулоса ва заминаи хабар
Дар доираи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея дар Сеул Форуми стратегии сармоягузории Тоҷикистон – Корея баргузор гардид.
17 сентябри соли 2026 дар шаҳри Сеул дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея Форуми стратегии сармоягузории Тоҷикистон – Корея баргузор шуд.
Дар форум зиёда аз 250 иштирокчӣ, аз ҷумла 200 соҳибкору сармоягузори Ҷумҳурии Корея иштирок карданд. Ба онҳо имконоти сармоягузорӣ ва самтҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дар бораи имкониятҳои сармоягузорӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Корея сухан гуфт.
Ҳамчунин имконоти кишвар дар соҳаҳои саноат ва коркарди маъдан, энергетикаи сабз, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, маориф ва сайёҳӣ муаррифӣ шуд. Дар анҷоми форум чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
