Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд


Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар рушди соҳибкорӣ ва иқтисоди рақамӣ ва ҳамчунин таҳдидҳои киберӣ баргузор шуд.
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо партави ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ҳамоиш дар мавзӯъҳои «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди соҳибкорӣ ва иқтисоди рақамӣ» ва «Таҳдидҳои киберӣ ва роҳҳои таъмини амнияти рақамӣ дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ дар шароити муосир» баргузор гардид.
Дар қисми якуми ҳамоиш нақши зеҳни сунъӣ дар баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳо, рушди соҳибкорӣ ва иқтисоди рақамӣ баррасӣ шуд. Иштирокчиён имкониятҳои истифодаи ин технологияро дар автоматикунонии равандҳои корӣ, таҳлили бозор, қабули қарорҳои идоракунӣ, беҳтар намудани хизматрасонӣ ба мизоҷон, рушди тиҷорати электронӣ ва дастгирии стартапҳо муҳокима карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»