Чин омодааст ҳамкории босифатро бо Тоҷикистон дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» густариш диҳад


Ли Цян гуфт, ки Пекин омода аст ҳамкориро бо Тоҷикистон дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» пеш барад.
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Цян инро 18 октябр дар Душанбе зимни гуфтушунид бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода изҳор кард. Ба иттилои «Синхуа», ӯ гуфт, ки Чин ният дорад ҳамоҳангсозии стратегияҳои рушдро бо ҷониби тоҷик тақвият диҳад.
Ӯ ҳамчунин ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои савдо ва сармоягузорӣ, канданиҳои фоиданоки сабз, ҳампайвастагӣ, энергетикаи тоза ва зеҳни сунъӣ таъкид кард, то манфиати мутақобил ва бурди муштарак самараноктар таъмин шавад.
Манбаъ: Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон