Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар форуми байналмилалии «TAJ-TECH 2026» маҷмуи созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум миёни ширкатҳои ватанӣ ва шарикони байналмилалӣ имзо шуд.
ДУШАНБЕ, 2026-09-30 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз натиҷаҳои муҳими Форуми байналмилалии «TAJ-TECH 2026» ба имзо расидани маҷмуи санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум миёни ширкатҳои ватанӣ ва шарикони байналмилалӣ гардид.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳо барои таҳкими робитаҳои шарикӣ, ҷалби сармоя, табодули таҷриба ва пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи технология ва инноватсия равона шудаанд. Татбиқи онҳо метавонад барои тавсеаи фаъолияти ширкатҳои ватанӣ ва рушди ҳамкории байналмилалӣ имкониятҳои нав фароҳам оварад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»