Дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» Муҳсин Ҷаводӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид карда, бо нигораҳои таърихию фарҳангии тоҷикон ошно гардид.
Душанбе, 2026-10-24 / АМИТ «Ховар» /. Дар доираи баргузории XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳсин Ҷаводӣ бо мақсади шиносоӣ бо таърихи куҳан, тамаддуни бостонӣ ва мероси ғании таърихию фарҳангии халқи тоҷик Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуд.
Муҳсин Ҷаводӣ толорҳои намоишии осорхонаро тамошо намуда, бо нигораҳои нодир, бозёфтҳои арзишманди бостоншиносӣ, намунаҳои барҷастаи санъати тасвирӣ ва ороишию амалӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар ёдгориҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик шинос гардид. Ба меҳмон оид ба таърихи пайдоиш, арзиши илмӣ ва фарҳангии нигораҳо ва марҳилаҳои муҳими ташаккули давлатдории тоҷикон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»