Ба истифода додани бинои нави маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
5 октябр Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Кӯлобро ба истифода дод.
Бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бо риояи санъати меъморӣ бунёд шуда, дар вақти сохтмон беш аз 100 сокини маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб гардиданд. Баъди ба истифода додани иншоот барои 60 корманди минтақа ҷойи кори доимӣ ташкил шуд ва онҳо бо шароити зарурӣ таъмин гардиданд.
Корҳои сохтмонӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2021 оғоз ёфта, дар муҳлати муайяншуда ва мутобиқ ба меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ анҷом дода шудааст. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иншоот аз 23 утоқи корӣ, толори маҷлисгоҳ бо 108 ҷойи нишаст, 2 утоқи вохӯрӣ ва ошхона бо 54 ҷой иборат буда, бо техника ва таҷҳизоти замонавӣ, низоми гармидиҳӣ, ҳавотозакунӣ, назорати бехатарӣ ва видео таъмин аст.
Дар ошёнаи аввал Маркази хизматрасонии Равзанаи ягона фаъол шудааст ва дар он хизматрасониҳои андозӣ, гумрукӣ, муҳоҷират, раводид, бонкӣ ва дигар хизматҳо пешниҳод мешаванд. Ҳамзамон, дар доираи корҳои ободонӣ 2,1 километр роҳ бунёд ва мумфарш гардида, саҳни бино бо фаввораҳо, дарахтони ороишӣ, беш аз 15 ҳазор бех гули мавсимию ороишӣ ва 10 ҳазор бех гули садбарг оро дода шудааст. Барои тарғиби тарзи ҳаёти солим дар толори варзишии он 32 адад таҷҳизоти варзишӣ насб гардид.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»