Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд


Дар ҳошияи ҷаласаи 24-уми прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲШ дар Қазон, прокуророни генералии Тоҷикистон ва Озарбойҷон масъалаҳои ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ карданд.
ДУШАНБЕ, 2026-10-02 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаи 24-уми прокурорҳои генералии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев баргузор гардид.
Ҷонибҳо дар фазои анъанавии дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва муколамаи созанда вазъияти кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро бо такя ба муносибатҳои деринаи ду кишвар баррасӣ карданд. Масъалаҳои расонидани кумаки ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноятӣ, истирдод ва тақвияти ҳамоҳангӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дурнамои густариши чаҳорчӯбаи ҳуқуқӣ, аз ҷумла таҳияи лоиҳаи Барномаи нави ҳамкории байниидоравӣ, баррасӣ шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»