ИқтисодМанбаи тоҷикӣ
Баргузории ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва тиҷоратии СҲШ


Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд.
Душанбе, 17.09.2026 /НиАТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид. Дар ин бора ба НиАТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкории иқтисодӣ, афзоиши савдои мутақобила, таҳкими амнияти энергетикӣ, рушди зерсохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, ҷалби сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва рушди истеҳсолоти дорои арзиши иловашуда баррасӣ шуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»