Иштирок ва суханронӣ дар тантанаҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ


27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии шаҳри Хоруғ ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Сарвари давлат дар оғози сухан мардуми сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғро ба муносибати ҷашни миллӣ табрик гуфт. Таъкид шуд, ки истиқлол рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ буда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ шоиста муаррифӣ кардааст.
Гуфта шуд, ки ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду навсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, вале то имрӯз 1545 иншооти гуногун бо саҳми аҳолӣ, соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳ ба истифода дода шудааст. Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми заҳматкаш ва саховатпешаи вилоят, аз ҷумла шаҳри Хоруғ, барои саҳмгузорӣ изҳори сипос намуданд.
Роҳбари давлат даъват карданд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо талошҳои нек ба маркази бузурги табодули таҷрибаи сайёҳӣ дар минтақа табдил ёбад ва бо риояи анъанаҳои фарҳангдӯстиву меҳмоннавозии тоҷикона бештар муаррифӣ гардад. Пас аз суханронӣ барномаи бошукуҳи фарҳангӣ ва консертӣ баргузор шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»