Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
21 сентябри 2026 дар Институти зоология ва паразиталогияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи муборизаи интегратсионӣ бар зидди зараррасонҳои зироати кишоварзӣ ба истифода дода шуд.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», 21 сентябри 2026 дар Институти зоология ва паразиталогияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи муборизаи интегратсионӣ бар зидди зараррасонҳои зироати кишоварзӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Озмоишгоҳ бо техникаву асбоби муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар сохтори он 5 ҳуҷраи махсус, 1 ҳуҷраи ёрирасон ва 1 ҳуҷраи корӣ ҳамчун низоми ба ҳам алоқаманди илмӣ ва амалӣ фаъолият мекунанд. Самти кор ба мониторинги пайваста, муайян кардани таркиби намудии зараррасонҳо, таҳқиқ, баҳодиҳӣ ва мубориза бар зидди зараррасонҳои зироати кишоварзӣ нигаронида шудааст.
Зимни ифтитоҳ таъкид шуд, ки таъмини бехатарии биологӣ ва амнияти озуқавории кишвар яке аз ҳадафҳои муҳимтарини стратегии ҷумҳурӣ мебошад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»