Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд

Хулоса ва заминаи хабар
Дар ҳошияи ҷаласаи 17-уми CBD COP17 дар Ереван Баҳодур Шерализода бо Онно ван ден Ҳёвел мулоқот карда, масъалаҳои маблағгузории гуногунии биологиро баррасӣ намуданд.
Дар доираи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 17-уми Конфронси Тарафҳои Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ (CBD COP17) дар шаҳри Ереван, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Роҳбари Портфели маблағгузорӣ дар соҳаи гуногунии биологии Барномаи Рушди СММ (UNDP) Онно ван ден Ҳёвел мулоқот намуд.
Зимни мулоқот маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид. Гуфта шуд, ки дастгирии дастаи ҷаҳонии BIOFIN дар таҳияи механизмҳои маблағгузории ба гуногунии биологӣ нигаронидашуда барои Тоҷикистон муҳим аст.
