Дар Душанбе маҳфили илмию фарҳангии «Шоҳномахонӣ» бо ҳадафи тарғиби сулҳу ваҳдат, арҷгузорӣ ба мероси адабӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ баргузор шуд.
Дар Душанбе бо ҳадафи тарғиби арзишҳои сулҳу ваҳдат, арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабию фарҳангӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди фарҳанги суханварӣ миёни кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили илмию фарҳангии «Шоҳномахонӣ» таҳти унвони «Аз таърихи куҳан то фардои дурахшон» баргузор гардид.
Тавре аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар маҳфил роҳбарият ва кормандони осорхона тавассути қироати осори Абулқосим Фирдавсӣ ба ҷаҳони пурғановари ҳамосаи миллӣ рӯ оварданд. Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода оид ба аҳамияти ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тақдими «Шоҳнома» ба ҳар хонадони тоҷик сухан гуфта, нақши ин асарро дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи арзишҳои маънавӣ баланд арзёбӣ кард.
Дар идома иштирокдорон аз достонҳои гуногуни «Шоҳнома» порчаҳо қироат намуда, мазмуну муҳтавои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва инсонгароёнаи онҳоро шарҳ доданд. Ҳамзамон кормандони осорхона бо пешниҳоди намоишномаи театрӣ бархе аз достонҳои ҳамосаи Фирдавсиро ба саҳна оварданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон