Ба муносибати зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон, аз сарони давлатҳо, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва шахсиятҳои давлатӣ номаҳои табрикотӣ ворид мешаванд.
Ба муносибати зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба унвони ӯ аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мешаванд.
Дар миёни паёмҳои нашршуда табрикоти Владимир Путин, Си Ҷинпин, Шавкат Мирзиёев, Қосим-Жомарт Токаев, Садир Жапаров, Сердар Бердимухамедов, Александр Лукашенко, Илҳом Алиев, Никол Пашинян, Михаил Мишустин, Вячеслав Володин, Нурлан Ермекбаев ва Таалатбек Масадиков зикр шудааст.
Дар ин номаҳо нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, таҳкими мавқеи байналмилалии кишвар ва густариши муносибатҳои дуҷонибаву ҳамкории стратегӣ бо давлатҳои дахлдор таъкид мегардад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»